Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фазилат ва қадру манзалати рӯзаро баён намуда фармуданд: Савоби ҳар як амали одамӣ аз даҳ то ҳафсад баробар афзуда мешавад, яъне дар мавриди аъмоли хайри ин уммат қонуни оми илоҳӣ аст, ки аҷри як некӣ ба лиҳози умматҳои пешин ҳадди ақал даҳ баробар хоҳад шуд ва гоҳе авқот дар асари ҳолоти хоси амалкунанда аз назари ихлос ва тарси илоҳӣ ва ғайра беш аз бандагон, мақбули ҳафтсад баробар дода хоҳад шуд. Пас Расули акрам (с) ин қонуни оми раҳмати илоҳиро зикр фармуд. Вале фармудаи худовандӣ аст: Рӯза аз ин қонуни ом мустасно ва болотар аст, он ҳадяи хоси бандаи ман барои ман аст ва ман (ҳар тавре бихоҳам) аҷру подоши онро хоҳам дод. Бандаи ман барои ризо ва хушнудии ман ҳавои нафсу хурдану нушиданро тарк кардааст. (Пас ман худам бар ҳасби хости худ подоши ин фидокории ӯро хоҳам дод). Барои рӯзадор ду хурсандӣ вуҷуд дорад,яке ба вақти ифтор ва дигаре ба ҳангоми шарафёбӣ ба боргоҳи молик ва мавлои худ. Ва савганд ба Худо, ки бӯи даҳони рӯзадор ба назди Худо аз мишк хушбӯтар аст. Ва рӯза (дар дунё барои ҳифозат аз ҳамлаҳои нафсу шайтон ва дар охират барои ҳифозат аз оташи дӯзах, сипаре аст). Ва чун яке аз Шумо рӯза гирифта бошад, бар вай лозим аст, ки суханҳои беҳуда ва фаҳш нагӯяд ва ҷангу ҷидол накунад ва агар каси дигаре бо ӯ ҷидол ва бадгӯӣ кард, пас бигӯяд, ки ман марди рӯзадорам.
Дар охири ҳадис Паёмбари худо (с) роҳнамоӣ намуданд, ки: Чун яке аз Шумо рӯзадор бошад, пас бадгӯию фаҳшгӯӣ ва ҷангу ҷидол накунад ва агар фарзан каси дигаре бо вай даровехт ва бад гуфт, боз ҳам чизе нагӯяд, балки фақат бигӯяд: Бародар! Ман рӯзадорам. Дар ин тазаккур ва роҳнамоии охир ишора ба он аст, ки фазоил ва баракати хосе,ки барои рӯза баён шудааст, он рӯзаҳои мурод ҳастанд, ки илова бар худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва шаҳвати нафс аз дигар гуноҳон ҳатто аз суханони баду нописанд дурӣ ва иҷтиноб шавад.
Дар ҳадиси дигар омадааст: Ҳар шахси рӯзадоре, ки каломи беҳуда ва кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна ва ташна будани ӯ надорад.
Маълум шуд, ки барои мақбулияти рӯза ба назди Худо зарурӣ аст, ки одамӣ илова ба тарки хӯрдану нӯшидан аз гуноҳону мункарот, забон, даҳону соири аъзои худро ҳифозат кунад ва агар касе рӯза гирифта гуфтор ва кирдоре, ки дар он гуноҳ аст, тарк накунад, хотираш ҷамъ бошад, ки Худованди мутаъол ҳеҷ ниёзе ба рӯзаи ӯ надорад.
Зикрулло Ҳомидов,
имомхатиби масҷиди панҷвақтаи н. Шоҳмансур