БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “САМАРАИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ”

0
228

2- юми июни соли ҷорӣ дар толори Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилии шаҳри Душанбе бахшида ба 15 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш таҳти унвони “Самараи Қонуни миллӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумита Фаррухулло Олимзода, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита Саттор Маҳмудзода, кормандони соҳа ва ходимони дин иштирок намуданд.
Кори ҳамоишро Саттор Маҳмудзода, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита оғоз бахшида, иброз дошт, ки вазъи сиёсӣ ва буҳронҳои шадиди иқтисодии даҳсолаи ахир, тағйирёбии иқлим, ба мушкилоти ғизо рӯбарӯ омадани кишварҳои бештари дунё бори дигар ҳушдор менамояд, ки дар баробари давлату ҳукумат худи аҳолӣ, ҳар як оила ҳам барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани раванди рӯзгор тадбирҳо андешанд. Аз ин лиҳоҳ, ба таъкиди номбурда бо такя ба дастуру машваратҳои пайваста ва судманди Пешвои миллат бояд ҳар як ваҷаб замин мақсаднок истифода гардад.
Сипас, Олимзода Фархулло-муовини Раиси Кумита дар баромади худ қайд кард, ки бешак, қабули қонуни болозикр яке аз муҳимтарин иқдомоти Пешвои миллат дар роҳи эҳёи фикрию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисоди давлати мо мебошад. Зеро татбиқи ин қонун боиси коҳиши сатҳи камбизоатӣ, поксозии афкори мардум аз хурофот ва беҳбуди зиндагии иҷтимоии аҳолӣ гардидааст.
Ҳамзамон Ҳусен Шокиров – сардори раёсати иттиҳодияи диннии кумита ва Абдуалим Норасов – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба самараи Қонуни миллӣ фикру назари хешро баён намуданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиёни ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин, тамоми иштирокчиёни ҳамоиши “Самараи Қонуни миллӣ” аз бинои Маркази Исмоилия дидан намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here