2 АПРЕЛ – ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН

0
165

Имрӯз, 29-уми март, дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои уламо баргузор гардид.

Раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон дар кишвар рӯзи шанбе, 2-юми апрел фаро мерасад.

Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 35000 сомонӣ муқаррар гардид, ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот дода мешавад.

Фитри рӯза ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шуд.

Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here