“КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ТАЪМИНИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”. БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАРКАЗИ ИСМОИЛИЯ

0
178

4-уми ноябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи муштараки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони “Конститутсия – кафили таъмини таҳаммулпазирии динӣ ва рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Дар кори конфронси мазкур роҳбарияти Кумита, Маркази исломшиносӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералӣ, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломӣ, Маркази исмоилия, Епархияи православии Рус, Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.   

Дар оғози конфронс Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода перомуни нақши Конститутсия дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванд сухан гуфта, таъкид дошт, ки меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии шаҳрвандонро новобаста аз пайравӣ ба боварҳои гуногун фарогир мебошад ва маҳз ҳамин меъёрҳо боиси таъмини фазои муътадили динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон гардидаанд.

Иштирокдорони конфронс роҷеъ ба меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини фазои таҳаммулгароии диниву мазҳабӣ марърӯза намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here