ДАР БОРАИ ВАЗЪИ СИҲҲАТИИ ЗОИРОНИ ТОҶИК ДАР МАККА

0
64

 (Мусоҳиба бо сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Турахон Шарифзода)

– Шароити хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик чӣ гуна аст?

–  Дар мавсими исмолаи ҳаҷ шароити хубе барои пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ ба зоирони тоҷик муҳайё шудааст. Аз ҷумла, дар меҳмонхонаҳо нуқтаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза дар ин нуқтаҳо гурӯҳи табибон ба зоирон хизмат мерасонанд. Гузашта аз ин, имсол қариб ду тонна доруҳое, ки барои табобати бемориҳои мавсимӣ пешбинӣ шудаанд, харидорӣ ва дар нуқтаҳои тиббӣ нигаҳдорӣ шудаанд. Инчунин барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ 30 ҳазор ниқоби тиббӣ харидорӣ гардид. Нуқтаҳои тиббӣ кори худро дар рӯзҳои будубоши зоирон дар Мино, Арафот ва Муздилифа низ хуб ба роҳ монданд.

– Асосан ҳоҷиёни Тоҷикистон бо кадом бемориҳо ба пизишкон муроҷиат мекунанд?

– Бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёди ҳаво азбаски зоирон оби хунук менӯшанд, асосан муроҷиатҳои онҳо бо беморҳои дарди гулӯ, зуком, баландшавии ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо, фишорбаландӣ ва ба ин монанд аст.

– Шумо аз баландшавии ҳарорат гуфтед. Оё миёни зоирон ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сироятии коронавирус мушоҳида гардидааст?

– Хушбахтона, миёни зоирони мо ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии “COVID-19” ба қайд гирифта нашудааст.

– Ҳоло мавсими ҳаҷ амалан ба анҷом расид. Зоирон баъди вуқуф дар Мино, Арафот ва Муздалифа дубора ба меҳмонхонаҳо баргаштанд ва аз фардо сафарбарнамоии онҳо ба Мадинаи мунаввара оғоз мешавад. Оё то ин дам ягон ҳолати фавти зоирон ба қайд гирифта шудааст? Чун дар солҳои гузашта мо шоҳиди чунин ҳолатҳо будем…

– Мутаассифона, дар айёми будубоши зоирон дар Мино ду зоири тоҷик – Расулов Муҳаммад, сокини 62-солаи ш. Исафара ва Тоҷиева Қизларгул, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён вафот намуданд. Ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштанд. Маросими ҷанози ҳарду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here